Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саъудӣ баргузор мешавад

Дар чорчӯби Рӯзҳои фарҳангӣ, ҳунармандони араб дар шаҳрҳои Норак, Ҳисор ва ноҳияи Варзоб ҳунарнамоӣ мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саъудӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад равобити умумии вазорати фарҳанг.

Гуфта мешавад, ик аҳли фарҳангу ҳунари Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барномаҳои ҳунарӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, санъати наққошӣ, хаттотӣ ва аккосӣ, ғизоҳои миллии арабӣ ва филмҳои синамогарони хешро пешниҳоди тамошобинони тоҷик мегардонанд.

Дипломатҳои ояндаи тоҷик ба Арабистони Саъудӣ мераванд

Рӯзи 5 май, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти расмии вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва ҳайати расмии ҷониби меҳмон доир мегардад.

Худи ҳамон рӯз соати 16:00 дар фойеи Театри давлатии академии драмавии ба номи С.адриддин Айнӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ, санъати наққошӣ, хаттотӣ ва аккосӣ шуруъ гардида, то анҷоми чорабиниҳо, яъне то 8 май идома меёбад.

Ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон шоми 5 майи соли 2018 соати 17:00 дар толори театри мазкур сурат мегирад.

Манбаъ меафзояд, ки дар доираи Рӯзҳо фарҳанг, баргузории барномаҳои ҳунарӣ дар шаҳрҳои Норак, Ҳисор ва ноҳияи Варзоб дар назар аст. Инчунин меҳмонон бо табиати Тоҷикистон ошно шуда, аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи милли Тоҷикистон ва Қалъаи Ҳисор боздид хоҳанд кард.