Мардуми Суғд ба Раҷаббой Аҳмадзода аз чӣ шикоят карданд

Раҷаббой Аҳмадзода гуфтааст, ки ҳар як муроҷиат сари вақт баррасӣ гардида, ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта чораҷӯӣ карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Деваштич сафар карда, муроҷиату шикояти мардумро шунидааст, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Гуфта мешавад, ки дар толори мақомоти ин ноҳия, Аҳмадзода арзу шикояти 48 касро қабул кардааст.

Мардум дар масъалаҳои замин, манзил, таъмин шудан бо оби нӯшокиву полезӣ, таъмири роҳҳо, дарёфти кӯмакҳои моддӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, масоили марбут ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ ба роҳбари вилоят муроҷиат карданд.

Тағйироти кадрӣ: Аҳмадзода мудири шуъбаи рушди сайёҳиро таъйин кард

Раҷаббой Аҳмадзода зимни таҳлилу баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон таъкид кардааст, ки ҳар як муроҷиат сари вақт баррасӣ гардида, ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта чораҷӯӣ карда мешавад.

Ба роҳбарони марбутаи ноҳияи Деваштич дастур дода шудааст, ки барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон тадбирҳои зарурӣ андешиданд.

Манбаъ афзуда, ки қабули шаҳрвандон бо мақсади иҷрои дастури супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоти мавҷуда доир мешавад.

Пеш аз ин Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Панҷиканд ва ноҳияҳои Мастчоҳу Ашт рӯзҳои қабули шаҳрвандон доир шуда буд.