Баҳори гарм: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Имрӯз, 27 апрел, ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо баландшавии ҳарорат дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Бино ба гузориши Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар саросари кишвар ҳаво тағйирёбанда ва бебориш шуда, дар бархе аз манотиқи кишвар ҳарорати ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад.

Дар  вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, бод аз сӯи шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +8 +13 ва рӯзона +22 +27 дараҷа гарм мешавад.

На борону на жола: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои гарми бебориш дар назар аст

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Бод аз сӯи шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона +3 +8 ва рӯзона +16 +21 дараҷа гарм мешавад.

Ҳамчунин, дар вилояти Хатлон ҳавои бебориш пешгӯи гардида, ҳаво шабона +11 +13 ва рӯзона +28 +30 гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +24 +29 дараҷа гарм мешавад. Шабона  ҳарорати ҳаво ба +8 +13 расида, шамол аз самти шарқ 5 метр дар як сония мевазад.