Хоҳиши Шоев аз мақомоти Тоҷикистон: баъд аз сари ман Марямро соҳибӣ кунед

“Ман аз Марям пурсидам, ки оянда кӣ шудан мехоҳад, вай гуфт, “ман даргузашти модарамро дидам, вале аз дастам коре наомад, мехоҳам пизишк шавам”,- мегӯяд бобои Марям.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Маҳмадраҳим Шоев-бобои духтараки даҳсолаи тоҷик, ки чанде пеш аз Ироқ ба Тоҷикистон бар гардонида шуд, аз Ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш дорад, ки дар тарбияи Марям ба вай кӯмак расонанд.

Дар ин бора Шоев дар як сӯҳбати ихтисосӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт.

Маҳмадраҳим Шоев мегӯяд, шукрона мекунад, ки ягона нишонаи 7 фарзандаш ба Тоҷикистон бар гашт. Аҳволи Марям хуб аст ӯ пас аз ранҷӯ азобҳои бисёр дар Ироқу Сурия ба  Тоҷикистон одат мекунад. Саргарми бозиву шодӣ бо ҳамсолонаш аст.

Ҳоло вай дар манзили падариаш дар Ҳисор дар тарбияи  бобо ва аммааш мемонад. Бобо мегӯяд, то ҳаст Марямро парасдорӣ хоҳад кард. Аммо мехоҳад, ки аз ояндаи наберааш дилпур бошад.

Шоев афзуд, ки ду ғайр аз падари Марям боз ду писар ва духтар дорад, аммо ба касе наберашро бовар намекунад.

"Мо офтоби лаби бом ҳастем. Имрӯз ҳастем пагоҳ не. Ман мехоҳам, ки аз ояндаи ягона нишонаи 7 пайвандам дилам пур бошад",- гуфт вай.

Пас аз бар гардонидани Марям ба Тоҷикистон масъулини кишвар ваъда додаанд, ки дар таҳсил ва тарбияи вай ба бобояш кӯмак мекунанд.

"Ҳоло чанде аз роҳбарон ба хабаргирии Мароям омаданд.  Ман аллакай хоҳиш кардам, ки Марямро ба Литсеийи президентии шаҳри Ҳисор қабул кунанд ва ваъда доданд, ки ин масъаларо баррасӣ мекунанд",- мегӯяд вай.

Ироқ ба Оиша иҷоза надод, ки ба Тоҷикистон бар гардад

Марям, ки қариб 10 сол бо падару модараш дар хориҷ буд, панҷ забонро омӯхтааст ва ба тоҷикӣ низ хуб ҳарф мезанад. Маҳмадраҳим Шоев мегӯяд, мехоҳад, ки наберааш дар Тоҷикистон таълим гирад ва ба Ватанаш дар оянда хизмат кунад.

"Ман аз Марям пурсидам, ки оянда кӣ шудан мехоҳад, вай гуфт, "ман даргузашти  модарамро дидам, вале аз дастам коре наомад,  мехоҳам пизишк шавам",-  мегӯяд бобои Марям.

Ёдрас мешавем, Марям Шоева духтари Ҷамолуддин Шоев — як зодаи шаҳри Ҳисор ба наздики аз яке аз урдугоҳҳои Ироқ ба Тоҷикистон бар гардонида шуд. Эҳтимол меравад, ки падару модар ва додару хоҳарони духтарак дар Ироқ кушта шудаанд, аммо Маҳмадрҳим Шоев мегӯяд, ҳоло якҷо бо мақомоти Тоҷикистон ҷустуҷӯи пайвандони Марямро идома дода истодаанд.