ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Оиша-зани 17-солаи тоҷик, ки моҳҳои сентябр аз яке аз урдугоҳҳои Ироқ пайдо гардида буд, ба Тоҷикистон бар гашта натавонист. Пизишкон вайро бо далели ҳомила буданаш иҷоза надодаанд, ки бо ҳавопаймо парвоз кунад. Вазорати умури хориҷа мегӯяд, зан пас аз таваллуди фарзанд ба Тоҷикистон бар гардонида мешавад.
ВУХ пештар эълом дошта буд, ки панҷ кӯдак ва навраси тоҷикиро аз Ироқ бар Тоҷикистон бар мегардонад. Дар рӯйхати ниҳод исми Оиша низ буд. Аммо рӯзи 25 апрел маълум, ки Оиша ба Тоҷикистон бар нагаштааст.
Ду додари ва як хоҳари Оиша — Абдуллои 9-сола, Муҳаммади 3-сола ва Фотимаи 7-сола ба Тоҷикистон бар гардонида шуданд. Аммо Оиша то таваллуди фарзанд дар Ироқ мемонад.
Ёдрас мешавем, охирҳои моҳи сентябр шабакаи телевизионии "Russia Today" хабар дод, ки дар Ироқ як шаҳрванди 16-солаи Тоҷикистон шиносоӣ шуда, ки шавҳараш аз ҷангҷӯёни ДОИШ будаву дар ҷанг кушта шудааст.
"Оиша 16-сол аст. Шавҳараш як ҷангии ДОИШ будааст, ки кушта шудааст. Ин духтар аз Тоҷикистон аст", — гуфта мешуд дар гузориш.
Ин духтарро аз дасти ҷангиёни доишӣ наҷот дода ба Бағдод овардаанд. Ҳамроҳ бо ӯ чанд кӯдаки дигар низ наҷот дода шуданд. Ин духтар як хоҳари 7-сола ва ду додар ҳам дорад, ки яке 9-сола ва дигаре 3-сола аст, гуфта мешуд дар хабар.
"Ман намедонам, ки волидонам дар куҷоянд. Онҳо аввал дар Мавсил буданд ва пас аз оғози ҷанг ман ба шаҳри Талл-Афъар рафтам", — мегуфт ӯ.
Пештар Марям дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар Ироқ Оишаро хуб мешинохт ва бояд ӯ ҳам бо онҳо ба Тоҷикистон бар мегашт. Аммо "вайро ба бемористон бурданд ва иҷоза надоданд, ки ба роҳ барояд".