Як сокини Узбакистон барои қироати зебои Қуръон аз Мирзиёев худрав гирифт

Озмуни қуръонхонони беҳтарин дар Узбакистон бо дастури раисҷумҳур дар ду бахш: қироати зебо аз Қуръон ва қороати Қуръон азёд баргузор шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Як сокини Қарақалпоқистони Узбакистон барои қироати зебои Қуръон аз Мирзиёев худрав гирифт. Тавре Раёсати масалмонони Узбакистон хабар медиҳад, дар кишвар озмуни "Қироати беҳтарини Қуръон" баргузор шуд, ки дар он ғолибон муайян карда шуданд.

"Ба ғолиби озмун аз номи раисҷумҳури кишвар худрави Lacetti ҳадя шуд. Ҳамчунин ғолибон дар номинатсияи "беҳтарин хонандаи Қуръон" ва "иштирокдори ҷавонтарини озмун " муайян гардиданд",- гуфта мешавад дар хабар.

Озмуни беҳтарин хонандагони Қуръон бо ибтикори раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид. Он дар ду номинатсия- қироати зебои Қуръон аз китоб ё ҳофиза баргузор гардид.

Барои ширкат дар ин озмун  5366 нафар худро ба қайд гирифтанд, ки аз ҷумла 2000 нафарашон занон буданд.

Аз Раёсати дини Узбакистон гуфтанд, ки дар ҳайъати ҳакамони озмун на танҳо рӯҳониёни кишвар, балки рӯҳониёни кишварҳои дигар низ ҳузур доштанд.

Бино бар маълумотҳои расмӣ бештар аз 94 дарсади аҳолии Узбакистон ба дини Ислом пайравӣ мекунанд.