Тоҷикистон бештари евробондҳояшро ба Амрико фурӯхт

Тоҷикистон бастаи дувуми евробондҳои давлатиро ба 500 миллион доллар ба фурӯш гузошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Бино ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон бунёди "Merrill Linch", ки бузургтарин бунёди сармоягузории Амрико аст,  қисми зиёди евробондҳои Тоҷикистонро ба 500 миллион доллар харидааст. 

"Акнун Тоҷикистон бастаи дуввуми евробондҳои давлатиро ба 500 миллион доллар ба фурӯш гузоштааст",- меафзояд манбаъ. 

Тоҷикистон соли гузашта аз ҳисоби  фурӯши евробондҳо 500 миллион доллар ба даст овард. Ин маблағ барои сохтмони нирӯгоҳи Роғун ва дигар бахшҳои энержии Тоҷикистон, ки бозсозӣ мехоҳанд, масраф хоҳад шуд.

Тоҷикистон авохири августи соли 2017 бори аввал евробондҳояшро дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба фурӯш гузошт. Евробондҳоро ба ғайр аз "Merrill Linch"   ширкатҳои аврупоии  "Fidelity", "Metlife", ва "BNP Paribas" харида буданд.

Коғазҳои арзишноки Тоҷикистонро дар бузургтарин  бозорҳои  ҷаҳон —Лондон, Тсурих, Бостон ва Ню-йорк ба фурӯш бароварда шуданд. Беш аз 40 дар сади коғазҳои арзишнокро  сармоягзорони амрикоӣ харидорӣ намуданд.