Вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба Пекин рафт

Шерали Мирзо барои ширкат дар иҷлосияи сарони ниҳодҳои низомии кишварҳои узви СҲШ ба Пекин сафар кард
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо барои ширкат дар иҷлосияи сарони ниҳодҳои низомии узви кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба Пекин рафт.

Имрӯз,  24 апрел роҳбарони вазоратҳои дифоъи Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон ва Узбакистон масъалаҳои  муҳими амниятии  байналмилаливу минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.

Тавре сухангӯи Вазорати дифоъи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода хабар додааст, сарони ниҳодҳои низомӣ дар рафти ҷаласа чораҳои муштараки  муттаҳидсозии талошҳо барои аксуламали мувофиқ ба таҳдидҳои нав дар минтақаро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар рафти ҷаласа ҳамчунин натиҷаи ҳамкоҳои низомӣ дар соли гузашта ва дурнамои ҳамкориҳои оянда дар заминаи низомӣ  дар чаҳорчуби ин созмон баррасӣ мешавад.

СҲШ- созмони байналмилалист, ки роҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон соли 2001 созмон додаанд. Аввалҳои июни соли Ҳиндустону Покистон низ шомили ин созмон шуданд.