СММ наметавонад тамоми мушкилоти Сурияро ҳал кунад, эътироф кард Антониу Гуттериш. "Ҷанги сард баргашт", — боварӣ дорад вай. Бо вуҷуди ин, дар муқовимати кунунӣ Дабири кулли СММ чанд фарқиятҳои муҳимеро аз давраи шабеҳи асри ХХ, мебинад.
Акнун ИМА ва Русия, мисли пештара" ҳамаро назорат карда наметавонанд. Бисёр кишварҳо хеле фаъол шудаанд. Дабири кулли СММ қайд мекунад, ки дигар ду низоми ҳамнавъи назораткунанда вуҷуд надорад.
Суханони ӯро олими сиёсатшинос Владимир Шаповалов тавзеҳ дод. Тибқи иттилоъи коршинос, Гутерриш роҳи баромадро аз муноқишаи Сурия наҷуста, балки аксар вақт ҳаққи нақзро дар СММ истифода мебарад.
"Чунин андешаронии дабири кулли СММ дуруст набуда ба оташи ИМА равған мерезанд. ИМА доимо таъйид мекунанд, ки СММ зарурат ба ислоҳ дорад. Аммо дар асл ин кӯшишест барои қонунигардонии яккаҳукмронии ҷаҳонии ИМА", — шарҳ дод Владимир Шаполов ба радио Sputnik.
Ӯ қайд кард, ки амрикоиҳо ва муттаҳидонашон барои гуфтугӯ ва созиш омода нестанд, балки хостори истифода аз қувва ва зӯроварӣ мебошанд.
Тафсилоти бештарро аз гузориши савтии мо шунавед.