ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо рӯзи 30 апрели соли 2018 муқаррар шудааст.
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" меҳмондор меҷӯяд.
Синну соли номзадҳое, ки мехоҳанд корманди ин ширкат шаванд, барои занон то 26 ва барои мардон то 28 муқаррар гардидааст.
Қобилияти шиноварӣ, омодагии хуби ҷисмонӣ ва қомати 1.65 метр аз шартҳои озмун барои ишғоли вазифаи роҳбалад гуфта шудааст.
Ҳамчунин довталабоне, ки мехоҳад ба ҳайси меҳмондор дар ин ширкати ҳавопаймоӣ фаъолият кунанд, бояд шиносномаи хориҷии Тоҷикистонро дошта бошанду қобилияти муоширати хуб бо мусофирон бошанд.
Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз шартҳои аслии ин озмун гуфта шудааст.
Хоҳишмандон бояд то 30 апрели соли 2018 ҳуҷҷатҳои худро — тарҷумаи ҳол, нусхаи шиноснома, 2 сурати ранга (портретӣ ва ба дарозии қад), нусхаи диплом ва нусхаи сертификат дар бораи донистани забони англисӣ, агар бошад) ба почтаи электронии hr@somonair.com ирсол намоянд.
Ё ба суроғаи саридораи ширкати ҳавопаймоӣ, дар кӯчаи М.Мастонгулов – 40, супоранд.