Парвандаи олигарх Ҷамшед Абдулов баста шуд

Парвандаи ҷиноӣ нисбати роҳбари ширкати "Олими Каримзод" ва коргоҳи нассоҷии "Олим Текстайлз" Ҷамшед Абдулов баста шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Хабаргузории ТоҷикТА дар истинод ба як манбаъ аз "Тоҷпромбонк" хабар медиҳад, ки дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ нисбати олигарх Ҷамшед Абдулов баста шудааст.

"Парвандаи ҷиноӣ нисбати роҳбари ширкати "Олими Каримзод" ва коргоҳи нассоҷии "Олим Текстайлз" Ҷамшед Абдулов баста шуд",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Гуфта мешавад, парвандаи ҷиноӣ нисбати Абдулов пас аз он қатъ гардид, ки ахирон қарзҳои аз бонк гирифтаашро бар гардонид. Қарзи олигарх аз "Тоҷпромбонк" 14 миллион долларро ташкил медодааст.

Абдулов барои соф кардани қарз ду коргоҳашро дар Конибодом ва як меҳмонсарояшро дар Масчо ба бонк додааст. Манбаъ меафзояд, Ҷамшед Абдулов пас аз мулоқоти муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо чанде аз муштариёни бонк, ба ҳабс гирифта шуда буд.

Амонатгузорони бонк ба нахуствазир шикоят карданд, ки чанд қарздорони "Тоҷпромбонк", аз ҷумла Ҷамшед Абдулов қарзҳои чандмиллионаи худро бар нагардонидаанд ва барои ҳамин онҳо пулҳои худро бозпас гирифта наметавонанд. Олигарх 40 рӯз пушти панҷара монд ва пас аз бастани созишнома бо банк, ки қарзҳояшро бозпас мегардонад, озод карда шуд. Абдулов ҳамчунин 4 миллион доллар қарзи аз "Тоҷиксодиротбонк" гирифтаашро ҳам бозпас гардонидааст.