ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин дар Твиттер хабар дод, ки дар пайи тӯфон дар пойтахт як духтараки хурдсол кушта шуд.
"Бино бар маълумотҳои ахир, шумораи ҷабрдидагон то 12 кас мерасад. Пизишкон духтараки хурдсолеро, ки дар ҳолати вазнин қарор дошт, наҷот дода натавонистанд. Ба волидони вай ҳамдардӣ баён мекунам"-, навиштааст шаҳрдор.
Ҳукумати Маскав пештар ба шаҳрвандон ҳушдор дода буд, ки аз хонаҳояшон набароянд ва худравҳои худро зери дарахтон намонанд.
Бино бар маълумотҳои ахир, дар пайи ин офати тибиӣ 17 тан ҷароҳат бардоштаанд, ки 14 нафарашон дар бемористонро бистарӣ шудаанд, аз онҳо 3 нафарашон кӯдак мебошанд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ тӯфон ва пайомадҳои онро ба навор гирифта, мунташир кардаанд.