Ҷавонони ВМКБ аз маконҳои таърихии вилоят боздид карданд

Хонандагон ва донишҷӯёни мактабҳои олии ВМКб аз маконҳои таърихии ин вилоят боздид кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Ин иқдом аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш зери увони "Як рӯзи тамошои Маркази сайёҳӣ ва Осорхонаи вилоятӣ" роҳандозӣ шудааст, хабар медиҳад равобити умумии кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ.

Гуфта мешавад, ки дар ин гардиш беш ҳафтод нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Омӯзишгоҳи тиббии шаҳр, хонандагони МТМУ, ҷавонони фаъол аз Маркази сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ширкат кардаанд.

Ин ҷавонон аз Осорхонаи марказӣ ва Муассисаи давлатии "Маркази ҷавонон"- и вилоят дидан кардаанд.

Интернетро дар Тоҷикистон аз ҳама бештар дар ВМКБ истифода мебаранд

Сураҷ Чоршанбиев, муовини сардори раёсат зимни мулоқот бо ҷавонон таъкид намудааст, ки феълан мо бо таъриху фарҳанги бостонии хеш дар сатҳи ҷаҳон маъруфият пайдо намудем ва донистани саргузашт, мавзеҳои сайёҳӣ, таҷрибаву сабақҳои таърих бароямон чун обу ҳаво зарур аст.

Пештар хабар дода шуд, ки бо ташаббуси сокини деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон, Давлатназар Лайлиев гурӯҳе таҳти унвони "Эҳё" дар ҳайати шаш нафар таъсис дода шудааст.

Ба муносибати соли рушди соҳаи сайёҳӣ, усто дар тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузошта, бо ташаббуси Агентии шуғли аҳолии ноҳияи Рӯшон дар курси семоҳаи омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ба тарбияи ҷавонони ноҳия машғул шуда, ҳунарҳои мардумиро ба насли ҷавон меомӯзад.