ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон Хазинаи Пешвои миллат таъсис дода мешавад, хабар медиҳанд расонаҳои тоҷикӣ.
Вакилони парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон, тарҳи қонун "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро ислоҳ карданд.
Тибқи он дар Тоҷикистон Хазинаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат таъсис дода шуда, солона ба он дар ҳаҷми 0,2 дарсади даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон маблағ ҷудо карда мешавад.
Ин тарҳро вазири адлия, Рустам Шоҳмурод муаррифӣ карда, гуфтааст, ки дар тағйирот таъсиси Хазинаи Пешвои миллат дар назар буда, он аз ҳисоби буҷети давлатӣ сармоягузорӣ мешавад.
Ба гуфти ӯ, ҳамасола аз ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ 0,2 фоиз воситаҳо ба ин Хазина гузаронида мешаванд.
Тартиби истифодаи воситаҳои Хазинаро худи Пешвои миллат, яъне кишвардори амалкунандаи Тоҷикистон-Эмомалӣ Раҳмон муайян хоҳад кард.