Лавров: зарари таҳримҳои зидди Русия ба ҳама мерасад

"Ин таҳримҳоро мо ҷорӣ накардаем ва барои сафед кардани онҳо далеле намебинем",- тавзеҳ додааст Лавров
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфтааст, таҳримҳои зидди Русия ба ҳама зарар мерасонанд, аммо Русия онҳоро ҷорӣ накардааст ва зарур намешумаорад, ки худро сафед кунад.

"Таҳримҳое, ки ғайриқонунӣ ва яктарафа зидди Русияҷорӣ карда шуда буданд, ба ҳама зара мерасоанд",- тавзеҳ додааст вай.

Бино бар иттилои РИА Новости, Лавров афзудааст, " ба мо муроҷиат мекунанд, ки бояд ягон амале анҷом диҳем, ё қадами аввалро гузорем, то  Иттиҳоди Аврупо  тадриҷан таҳримҳоро сабук кунад", аммо ҷониби Русия посух медиҳад, ки кишвар ин чораҳои маҳдудкунандаро ҷорӣ накардааст.

"Мо мегӯем, ки ин таҳримҳоро ҷорӣ накардаем ва барои сафед кардани онҳо сабабе намебинем. Бештари таҳримҳо пас аз он ҷорӣ шуданд, ки шарикони аврупоиамон натавонистанд ба ваъадаи худ вафо кунанд. Онҳо натавонистанд, ваколатҳояшонро мувофиқи созишномаҳое, ки моҳи феврали соли 2014 байни раисҷумҳури қонунии Украина ва мухолифин ба имзо расида буд,   иҷро кунанд",- афзудааст вай.

Пештар вазир гуфта буд, раисҷумҳури Русия ва Амрико ба ҷанги ду кишвар роҳ намедиҳанд.

"Дар бораи эҳтимоли сар задани рӯёрӯйии низомӣ миёни ду кишвар, ман сад дарсад бовар дорам, ки на низомиёни ду кишвар ва на раисҷумҳур Путин ва бегумон, раисҷумҳур Трамп низ намегузоранд ҷанг сар занад. Зеро онҳо раҳбароне ҳастанд, ки мардумони ду кишвар онҳоро интихоб кардаанд ва онҳо масъули сулҳ ва амонӣ дар кишварҳои худ ҳастанд",- гуфт Лавров.

Вай ҳамчунин афзуд, оташи русияситезӣ дар Амрико рӯ ба фурукаш шудан оварда, ҳарчанд онро бо таҳримҳои бесобиқа ва маснӯӣ бод медиҳанд.

Вазир гуфт, ки низомиёни амрикоӣ аз даргирии низомии ду кишвар пешгирӣ хоҳанд кард, ҳарчанд сиёсатмадорон раҳбари он кишварро водор мекунанд, ки бештар бо Русия даргир шавад.