Содироти семент аз Тоҷикистон ба Узбакистон 16 маротиба афзуд

Дар се моҳи аввали соли равон корхонаҳои Тоҷикистон 774 ҳазор тонна семент истеҳсол карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik.Тоҷикистон дар соли гузашта содироти сементро 2,5 маротиба афзоиш дод.  Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ корхонаҳои Тоҷикистон 774 ҳазор тонна семент истеҳсол кардаанд, ки  нисбат ба моҳҳои январ-марти соли гузашта 348 ҳазор тонна зиёд аст.

Афзун бар ин, дар ин давра Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷа 322 ҳазор тонна семент содир кард, ки аз он  172 000 тоннааш ба Узбакистон, 131 000 тонна ба Афғонистон ва 19 000 тонна ба Қирғизистон интиқол ёфтааст.

Таҳвилот ба Узбакистон 162 ҳазор тонна (16,3 маротиба), ба Қирғизистон 16,8 ҳазор тонна (6 маротиба) зиёд шуда, ба Афғонистон — баръакс 10,6 ҳазор тонна (8,8%) коҳиш ёфтааст.

Пештар гузориш дода шуд, ки дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Тоҷикистон корхонаи нави маводи эмулсионӣ-тарканда сохта мешавад. Корхонаи мазкурро нақша доранд, ки дар муддати ду сол бунёд кунанд. Тарҳ аз ҳисоби сармоягузориҳои ватанӣ ва чинӣ роҳандозӣ хоҳад шуд.