Алишер Усмоновро Forbes ба даҳгонаи тоҷирони сарвадмантарини Русия ворид кард

Раиси "Металлоинвест" Алишер Усмонов дар феҳристи сарватмандтарин афроди Русия дар мақоми 10-ум ҷой гирифтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik.  Маҷаллаи Forbes миллиардер Алишер Усмановро ба даҳгонаи тоҷирони сарвадмантарини Русия ворид кард.

Маҷаллаи амрикоӣ ҳамасола феҳристи сарватмандтарин афроди ҷаҳон ва ё кишварҳои алоҳидаро мунташир мекунад.

Дар Русия, дар як сол шумораи миллиардерон аз 96 то 106 нафар афзуда, сарвати умумии 200 соҳибкори бойтарини Русия ба 5,4 % афзудааст.

Дар феҳристи даҳгонаи сарватмандтарин тоҷирони Русия аввал номи роҳбари Комбинати металлургии Новолипетск Владимир Лисин омадааст, ки сарвати вайро 19,1 миллиард доллар ҳисоб кардаанд. Бори севум аст, ки номи Лисин дар ин феҳрист дар аввал меояд.

Вазифаи нави Алишер Усмонов дар дастгоҳи раисҷумҳур

Дар мақоми дувум Алексей Мордашов — роҳбари ширкати "Северсталь" бо дороии 18,7 миллиарда доллар меистад.

Сарвати раиси "Сибур ва "Новатек" Леонид Михелсон ба 0,7 миллиард доллар камтар аз Мордашов аст ва барои ҳамин ӯ севумин сарватманди Русия аст.

Раиси ширкати "Металлоинвест"  Алишер Усмонов дар ин феҳрист даҳум аст. Дороии ин  сарватманди узбактабори Русия дар соли 2018 ба 2,7 миллиард камтар шуда, 12,5 миллиард долларро ташкил додааст.

Даромади ширкати мазкур дар соли 2017 зиёд шуда бошад ҳам, сарвати Усмонов аз ҳисоби дигар ширкатҳои телекоммуникасионӣ  кам шудааст.