Замони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон маълум шуд

Дар рафти сафар раисҷумҳури Тоҷикистон бо Шавкат Мирзиёев масоили марзии Тоҷикистону Узбакистонро пурра ҳал хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Раисиҷумҳури  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввалҳои тирамоҳ бо сафари расмӣ ба Узбакитон меравад, хабар медиҳад ТоҷикТа дар истинод ба як манбаъ  аз Ҳукумати Тоҷикистон.

Тавре намояндаи Ҳукумати кишвар гуфтааст, байни Тоҷикистон ва Узбакистон ягона масъалаи баҳсбарангези марзие мондааст, ки то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Вай афзудааст, роҳбарони ду кишвар дар ин дидор  онро бартарф хоҳанд кард.

"Ин  қитъаи марзӣ, ки дар сарҳади вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Сирдарёи Узбакистон аст, ҳангоми сафари Раҳмон ба Узбакистон расман ҳамоҳанг хоҳад шуд" — таъкид кардааст вай.

Дар ҳамин ҳол намояндаи ҳукумат афзудааст, ки дар ин мавзеи баҳсбарангез биное ё маҳалле  набуда, онро ҳамчун партовгоҳ истифода мебаранд.

Ёдрас мешавем, раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар рафти сафари расмиаш ба Тоҷикистон дар аввалҳои моҳи март кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо сафари ҷавобӣ ба Узбакистон даъват карда буд.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар сафари кориаш ба Тошканд ҳунармандони тоҷик ҳамроҳӣ мекунанд ва дар Узбакистон як Шоми дӯстии дигар баргузор мешавад.

Шоми дӯстӣ — номи барномае буд, ки дар рафти сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ҳунармандони Тоҷикисону Узбакистон баромад карданд. Дар барнома шахсан Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ширкат доштанд.