Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ дар Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон

Дар Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон тағйироти кадрӣ амалӣ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Раиси Дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон Озода Раҳмон бо имзои қароре сармутахассиси Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистонро таъйин кардааст.

"Дар асоси Фармоиши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон Азиззода Икромиддин Музаффар аз 9 апрели соли 2018 ба вазифаи сармутахассиси Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид", — омадааст дар хабарнома.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон дар чанде аз масъулинро ҷо ба ҷо кард.

Ҳамин тавр бо қарорҳои ҳукумат, Раҳмон Носир – мудири "Тоҷикфилм", Сайфиддин Давлатзода муовини вазири маориф ва илм ва Орзу Аҳмадзода — муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин шуданд.

Тибқи фармони дигар, Бахтиёр Муминзода фармондеҳи нирӯҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон таъйин шудааст.