ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Дар се моҳи сипаришудаи соли 2018 дар вилояти Суғд 24 корхонаи нав ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа 335 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд. Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, корхонаҳои таъсисдодашуда асосан корхонаҳои соҳаи саноати истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хўрокворӣ ва сабукро дар бар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар семоҳаи аввали соли 2018 корхонаҳои саноатии вилояти Суғд дар маҷмӯъ ба маблағи 2 млрд. 298,1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.
Пештар хабар дода шуд, ки дар семоҳаи аввали соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли гўшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагии вилоят 11464,7 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 4,8 фоиз зиёд аст.
Тавре аз Сарраёсати Агентии омори назди раисҷумҳури Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, истеҳсоли гўштро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Деваштич — 48,1 фоиз, Мастчоҳ — 10,6 фоиз, Шаҳристон — 4,8 фоиз, Ашт — 4,7 фоиз зиёд намуданд.
"Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир бошад, дар вилоят 68453,3 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1 апрели соли 2017-ум 5,7 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли шир дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Деваштич — 64,6 фоиз, Исфара — 10,6 фоиз, Истаравшан ва Мастчоҳ — 6,2 фоизӣ, Шаҳристон — 4,8 фоиз, Зафаробод — 3,7 фоиз афзудааст. Таносуби шири истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми умумӣ 93,5 фоизро ташкил менамояд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.