Намояндагии ширкати "Сомон Эйр" дар Истамбул дарашро ба рӯи мусофирон боз кард

Ширкати мусофирбарии ҳавоии "Сомон Эйр" дар фурӯдгоҳи шаҳри Истамбул намояндагии худро боз кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Намояндагии ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар бузургтарин шаҳри Туркия дарашро ба рӯи муштариён боз кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

"Тарафҳо дар паи баррасии таҷрубаи ҳамкории Туркия ва Тоҷикистон ва ба манзури беҳбуди равобити тиҷориву иқтисодӣ миёни ду кишвар ин тасмимро гирифтаанд", — гуфтааст Томас В. Халлам, мудири кулли "Сомон Эйр", дар маросими роҳандозии ин дафтари намояндагӣ.

Парвозҳои баланд: ширкати “Сомон Эйр” ҳавопаймоҳои нав мехарад

Намояндагии ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар фурӯдгоҳи Истамбул манофеъи ин ширкатро муаррифӣ, бо фурӯдгоҳ, ожонсҳои билетфурӯшӣ, ҳукумати маҳаллӣ ва сойири ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар умури масоъили роҳандозӣ ва иҷрои парвозҳо ҳамкорӣ хоҳад кард.

Ҳамчунин, ин намояндагӣ иҷрои меъёру қавоиди ширкати "Сомон Эйр"-ро таъмин хоҳад кард, ки фаъолияти иртиботи ҳавоӣ ва сатҳи хидматрасониро танзим мекунад.

Ширкати "Сомон Эйр" ҳамакнун ҳафтае ду бор дар масири Душанбе – Истамбул – Душанбе парвоз анҷом медиҳад. Ширкат барномарензӣ карда, ки аз моҳи июн ҳафтае се парвоз анҷом диҳад.

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" бо ҳавопаймоҳоии Боинг 737-300, Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 ба Олмон, Имороти муттаҳидаи Арабӣ, Туркия, Чин, Русия ва Қазоқистон парвозҳоро анҷом медиҳад.