Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ дар Хуҷанд: Фирӯза Нуруллозода муовини Муҳаммадзода таъин шуд

Фирӯза Нуруллозода хатмкардаи факултети забонҳои шарқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, дар ин донишгоҳ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла то ба вазифаи декани факултети забонҳои шарқ фаъолият намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Ба наздикӣ дар Ҳукумати шаҳри Хуҷанд ду муовини нави раиси шаҳр таъин гардиданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати шаҳр.

Бино бар иттилои манбаъ, дар як ҷаласаи корӣ раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода масъулини таъиншударо муаррифӣ намуд.

"Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо розигии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қарорҳои хешро ба тавсиб расонд, ки тибқи он Фирӯза Нуруллозода ва Ҷамшед Абдуқаюмзода ба вазифаҳои муовинони раиси шаҳр таъин гардиданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Фирӯза Нуруллозода хатмкардаи факултети забонҳои шарқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, дар ин донишгоҳ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла то ба вазифаи декани факултети забонҳои шарқ фаъолият намудааст. Мавсуф ҳамчун муовини раиси шаҳри Хуҷанд оид ба маориф, фарҳанг ва иҷтимоиёт фаъолияти худро оғоз мебахшад.

Ҷамшед Абдуқаюмзода ҳамчун муовини раиси шаҳри Хуҷанд оид ба масоили иқтисод, саноат ва энергетика таъин карда шуд. Мавсуф хатмкардаи риштаи иқтисодии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, дар вазифаҳои гуногуни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, аз ҷумла, мудири шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантураи ин муассисаи олӣ фаъолият намудааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба шахсони ба вазифаҳои масъулиятнок таъингардида, муваффақиятҳо таманно намуд.