Серж Саргсян нахуствазири Арманистон интихоб шуд

Рӯзи 9 апрели соли равон маросими савгандёдкунии Армен Саркисян ба сифати президенти чоруми Арманистон баргузор гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Серж Саргсян нахуствазири Арманистон интихоб шуд, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллии кишвар.

 Бино бар иттилои манобеъ,  17 апрели соли равон Маҷлиси миллии Арманистон собиқ президент Серж Саргсянро ҳамчун сарвазир интихоб намуд.

Ба ҷонибдории Саргсян 76 вакил овоз дода, 17 каси дигар зид баромадаанд. Дар овоздиҳӣ аз 105 вакил 97 нафар иштирок кардаанд. Дар асоси Конститутсияи нави Арманистон, Серж Саргсян амалан сарвари давлат боқӣ мемонад.
Ёдовар мешавем, ки 9 апрели соли равон маросими савгандёдкунии Армен Саркисян ба сифати президенти чоруми Арманистон баргузор гардид.

Ёдрас мешавем, моҳҳои июни соли гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Арманистон сафар карда буд.

Нахуст сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Серж Саргсян суҳбат карда, сипас музокироти ҳайъатҳои баландпояи Тоҷикистону Арманистон идома ёфт.

Ҷонибҳо қабули Паймони дӯстиву ҳамкорӣ ва таъсиси Комисюни давлатии ҳамкории иқтисодиву тиҷориро омили муҳим барои ноил гардидан ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷорӣ, сармоягузорӣ ва омӯзишиву фарҳангӣ номиданд.