Хуррамов: Тоҷикистон сармояе надорад, ки дар Узбакистон бигузорад

Коршиноси масоили сиёсӣ Хурсанд Хуррамов мегӯяд, ки паймони ҳамкориҳои роҳбурдии Тоҷикистон ва Узбакистон бо умедҳои бузурги мардумони ду кишвар пайванд доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Ин коршиноси масоили сиёсии Осиёи Марказӣ муътақид аст, ки равобити Тоҷикистону Узбакистон дар оянда аз рушди бештаре бархурдор хоҳад шуд.

Тоҷикистон то кунун бо Русия, Чин ва Қазоқистон ҳамкориҳои роҳбурдӣ дошт, мегӯяд Хурсанд Хуррамов.

"Густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистону Узбакистон дар як соли ахир нишон медиҳад, ки Душанбе ва Тошканд ирода кардаанд муносиботи дуҷонибаро бештар аз пеш густариш диҳанд", — таъкид кард вай.

 

Ихтисоси 100 милюн дулор аз сӯи давлати Узбакистон барои ҳимоят аз рушди тиҷорат дар Тоҷикистон, иҷроӣ шудани қарордоди сафари 30-рӯзаи бераводиди шаҳрвандони ин ду кишвар ва азсаргирии содироти газу барқ миёни ин ду ҳамсоя гувоҳ бар ин ирода ҳастанд.

Хурсанд Хуррамов мегӯяд, ки Тоҷикистон аз нигоҳи тавони иқтисодӣ, бавижа тавлиди маҳсулоти саноатӣ, наметавонад бо Узбакистон рақобат кунад. Аз ин рӯ, маҳсулоти санъатии Узбакистон дар бозорҳои Тоҷикистон рақиби коло ва маҳсулоти мушобеҳи чинӣ хоҳад шуд.

Ҳаммарз будани Тоҷикистон ва Узбакистон, коҳиши таърифаҳои ҳамлу нақл ва боҷи гумрукии миёни ин ду кишвар муҷиби поин омадани қимати маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон шуда, ки ба истиқболи мардуми ин кишвар рӯ ба рӯ шудааст.

Ин коршиноси масоили сиёсии Осиёи Марказӣ муътақид аст, рушди шитобони иқтисодии Узбакистон дар минтақа метавонад заминаи рақобати пинҳони ин кишвар бо Қазоқистонро барои мудирият дар Осиёи Марказӣ ташдид кунад. Ҳарчанд Узбакистону Қазоқистон паймони ҳамкориҳои роҳбурдӣ имзо кардаанд, аммо рақобати Тошканд ва Остона барои таъсиргузорӣ бар таҳаввулоти Осиёи Марказӣ аз солҳо пеш оғоз шудааст.