ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Чанде қабл раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар маркази вилоят шинос шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати Хуҷанд.
Раиси вилоят нахуст ба Қалъаи Хуҷанд, рафта, бо олимону таърихшиносон ва рассомону сохтмончиён машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат иттилоъ дода шуд, ки Қалъаи Хуҷанд таҷдид гардида, ба макони ободу сарсабз табдил дода хоҳад шуд. Қалъаи таърихии Хуҷанд дар маркази шаҳр, дар соҳили рости дарёи Сир ҷойгир буда, қабл аз ин дар солҳои гуногун навсозӣ шудааст.
Манбаъ меафзояд, сипас, Раиси вилоят бо вазъи кунунии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, шинос гардида, барои боз ҳам ободу назаррабо намудани ин мавзеи истироҳатӣ тавсияҳо дод.
"Аз Маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ то Маҷмааи фарҳангию таърихии "Қалъаи Хуҷанд" роҳи саёҳатии арғамчинӣ бунёд карда мешавад. Дарозии роҳи арғамчинӣ 1 километрро ташкил медиҳад ва тибқи лоиҳаҳои пешакӣ баландии он дар бархе ҷойҳо то 35 метрро дар бар мегирад",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Дар идомаи боздид Раиси вилоят бо вазъи меҳмонхонаи "Ленинобод", ки дар канори Маҷмааи фарҳангию таърихии "Қалъаи Хуҷанд" қарор дорад, шинос гардид. Бояд зикр кард, ки бо назардошти "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" меҳмонхонаи "Ленинобод" навсозӣ карда мешавад.
Бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани теъдоди хонандагон дар мактаб-гимназияи рақами яки шаҳри Хуҷанд сохтмони бинои иловагӣ барои 640 хонанда идома дорад. Дар аснои шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки тибқи лоиҳа бинои нави таълимӣ дорои 31 синфхона, маҷлисгоҳу ошхона мебошад.
Дар ҳамин мавзеъ Раиси вилоят бо рафти таъмиру навсозии Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ ошно шуд.
Қасри мазкур, ки макони асосии машғулият ва баргузории чорабиниҳои ҷавонон мебошад, дар вазъи таъмирталаб қарор дошта, ба беҳтар намудани шароити фаъолият эҳтиёҷ дошт. Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷараёни сусти корҳо изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати анҷоми корҳо, чароғон ва гулзор намудани саҳн ва атрофи Қасри ҷавонон супоришҳо дод.