Як муҳоҷири тоҷик ба рӯде дар Петербург ғарқ шуд

Тафтишот муайян кард, ки мард ба марги иҷборӣ намурдааст. Бино бар иттилои пешакӣ ин мард ба дарё афтида, ғарқ шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Тавре хабаргузории "Фонтанка" гузориш медиҳад, дар шаҳри Санкт-Петербург, ба рӯди Дудергофка як шаҳрванди Тоҷикистон ғарқ шудааст.

 Бино бар иттилои манбаъ, ҷасади мардро аз рӯд дар ноҳияи Красносельски Петербург берун оварданд.

Марди ғарқшударо зане пайдо кардааст, ки аз назди дарёча мегузашт.

Аз либоси мард ҳуҷҷатҳояшро  пайдо карда, ҳуввияти ӯро муайян карданд. Вай шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон будааст, ки мувваққатан дар қайди Петербург меистодааст.

Тафтишот муайян кард, ки мард ба марги иҷборӣ намурдааст.  Бино бар иттилои пешакӣ ӯ ба дарё афтида, ғарқ шудааст.