ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири давлатии корҳои хориҷии Бангладеш Муҳаммад Шаҳриёр Алам дидору мулоқот кардааст.
Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад.
Дар ин мулоқот, ҷонибҳо ҳолати муносибатҳои Тоҷикистону Бангладешро баррасӣ намуда, бар зарурати таҳкими робитаҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ таъкид намудаанд.
Ҳамзамон дар атрофи ҳамкориҳо дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули назар сурат гирифтааст.
Пештар хабар дода шуд, ки Сироҷидин Аслов Куреи Шимолиро ба риояи қатъии қарорҳои дахлдори Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро доир ба табдили нимҷазираи Куриё ба минтақаи озод аз силоҳи ҳастаӣ, даъват кардааст.