Худро санҷед, ё “Санҷиши умумӣ” дар Душанбе чӣ гуна гузашт?

Sputnik

Рӯзи шанбе, 14-уми апрел, дар Тоҷикистон понздаҳумин бор чорабинии "Санҷиши умумӣ" сурат гирифт. Барои санҷиши дониши худ зиёда аз якуним ҳазор нафар сокинони ҷумҳурӣ дар ин рӯз ҷамъ омада буданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 500 нафар бештар аст.

Дар Душанбе танҳо ба Маркази илму фарҳанги Русия зиёда аз 300 нафар довталаб омада буданд, ки иштирокчиёни ҷавонтарин он 12 сола ва солхурдатаринаш 65 сола буданд.

Дар Душанбе барои навиштани имло сокинони насл ва касбу корҳои гуногун омада буданд, аз қабили: устодон, муаллимон, ҳуқуқшиносон, табибон, намояндагони ВАО, муҳандисон, донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои миёна, нафақахӯрону соҳибхоназанон. Натоиҷи имло дар миёнаҳои ҳафтаи оянда маълум хоҳад шуд.

Гузориши аксиро аз санҷиши умумии Душанбе дар Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.

 

1 / 9
Имлои кулл дар Тоҷикистон бори понздаҳум баргузор шуд.
2 / 9
Дар чорабинӣ зиёда аз 1500 сокинони Тоҷикистон иштирок карданд.
3 / 9
Иштирокчиёни ҷавонтарин 12 сола ва солхурдатарин 65 сола буданд.
4 / 9
Имлои куллро дар панҷ макони Тоҷикистон навиштанд.
5 / 9
Дар Душанбе ба Маркази илму фарҳанги Русия зиёда аз 300 нафар довталаб омада буданд.
6 / 9
Дар Маркази илму фарҳанги Русия имлоро сокинони насл ва касбу корҳои гуногуни пойтахт навиштанд: устодон, муаллимон, ҳуқуқшиносон, табибон, намояндагони ВАО, муҳандисон, донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои миёна, нафақахӯрон ва соҳибхоназанон.
7 / 9
Натоиҷи имло дар миёнаҳои ҳафтаи оянда маълум хоҳад шуд.
8 / 9
Соли 2017 дар Тоҷикистон баҳои миёна аз рӯи имлои кулл “се” буд.
9 / 9
Ҳадаф аз чорабинӣ – ба ҳар нафар имкони донистани забони русии худро додан ва шавқи ӯро ба саводнокӣ бардоштан буд.