Шӯрои амнияти СММ қатъномаи Русияро дар бораи Сурия напазируфт

Овоздиҳӣ аз рӯи санад дар рафти ҷаласаи ША, ки бо ташаббуси Русия пас аз зарбаҳои мушакии ИМА, Фаронса ва Бритониё ба Сурия даъват шуд, ба амал омад ва дар он ҳашт кишвар зид овоз доду, чор ҳайати дигар аз раъйдиҳӣ худдорӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Қатъномаи Русия бо даъвати бас кардани зӯроварӣ ба Сурия аз тарафи Шӯрои амнияти СММ пазируфта нашуд, зеро он аксарияти овозҳоро ба даст наёвард.

Овоздиҳӣ аз рӯи санад дар рафти ҷаласаи ША, ки бо ташаббуси ФР пас аз зарбаҳои мушакии ИМА, Фаронса ва Британиё ба Сурия дар шаби гузашта, баргузор гардид. Ба тарафдории санади мазкур ФР, Чин ва Боливия овоз доданд. Ҳашт кишвар зид баромаду, чор ҳайати дигар аз раъйдиҳӣ худдорӣ кард

Русия рӯзи шанбе тарҳи қатънома роҷеъ ба маҳкум кардани "зӯроварӣ нисбати Сурия аз ҷониби ИМА ва ҳампаймонони ӯ"-ро, паҳн сохт.

Лоиҳаи қатънома ҳамчунин аз ИМА ва ҳампаймонони ӯ талаб мекунад, ки "фавран таҷовузро дар нисбати Сурия қатъ карда, аз истифодаи минбаъдаи қувва бидуни риояи шароити Низомномаи СММ ва қонуни байналмилалӣ", даст кашанд.

Навори зарбаи мушакии ИМА ба Сурия: аз ҷойи ҳодиса

Намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Нобензия гуфт, ки зарбаи кишварҳои Ғарб ба Сурия ба раванди ҳалли сиёсии вазъ дар кишвар, таъсир хоҳад расонд.

Ин ба ҳеҷ ваҷҳ роҳи ҳалли мушкилӣ дар Сурия шуда наметавонад. Чизе, ки дирӯз рух дод, бешубҳа, зарба ба раванди сиёсӣ аст. Мо умедворем, ки ин фаҳмиш ба дарки онҳо мерасад, ҳарчанд мо имрӯз кӯшиши ба онҳо фаҳмониданро кардем, гуфт Небензя.

"Умедворам он кишварҳое, ки ин амалиёти таҷовузкоронаро анҷом додаанд, аз аъмоли баъдинаи беэътиноинаи худ даст кашида, ҳама намудҳои амалиётҳои ҳарбияшонро дар Сурия қатъ мекунанд", — аз нав таъкид кард дипломати рус.

ИМА, Бритониё ва Фаронса рӯзи шанбе ба иншоотҳои ҳукуматии Сурия зарбаҳои мушакӣ заданд, ки ба фикри онҳо барои тавлиди аслиҳаи кимёвӣ истифода мешаванд.

Умуман ба Сурия зиёда аз 100 мушак сар дода шуд, ки аксари онҳо тавассути нерӯҳои зиддиҳавоӣ нест карда шуданд.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ин амали ИМА-ро маҳкум карда, зарбаҳои мушакии мазкурро омили таҷовуз алаҳи як давлати мустақил номид.

Тавре сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия Мария Захарова эълом дошт, Русия дар нишасти Шӯрои амнияти СММ, роҷеъ ба ғайриқонунӣ будани зарбаҳои ИМА ба Сурия, далоили хешро ироа хоҳад кард. Вай ҳамчунин илова намуд, ки зарбаҳои мушакӣ аз ҷониби ИМА ва ҳампаймонони ӯ, метавонанд ба раванди гуфтушунидҳо хотима диҳанд.

Патриархи Маскав ва кулли Русия Кирилл тавассути телефон ҳамроҳ бо папаи Рим Франсиск масоили зарбаҳои мушакии ИМА ва ҳампаймонони онро ба Сурия, баррасӣ карданд.

"Масеҳиён наметавонанд ба ҳама он чизе, ки дар Сурия рух медиҳанд, бетафовут бошанд. Бояд ҳама саъю кӯшишро ба харҷ дод то хунрезӣ қатъ гардад", — гуфт патриарх.

Ба гуфти дабири кулли паймони НАТО Ҷенс Столтенберг, тамоми аъзоёни созмон амалиёти низомӣ алайҳи Сурияро, дастгирӣ карданд.