ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар Душанбе, мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Куриё Ли Ён Хо баргузор шудааст, хабар медиҳад равобити умумии ВУХ Тоҷикистон.
Дар ин дидор, ҷонибҳо масоили густариши робитаҳои Тоҷикистону Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Куриёро баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор кардаанд.
Сироҷиддин Аслов таъкид дошта, ки Тоҷикистон ҷонибдори бо роҳи осоишта ҳаллу фасл кардани мушкилоти мавҷуда дар минтақа мебошад.
"Тоҷикистон ба саъю кӯшишҳои Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея барои ҳимояи манфиатҳои худ дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ арҷ гузошта, ҳамзамон аҳамият ва зарурати риояи қатъии қарорҳои дахлдори Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро доир ба табдили нимҷазираи Корея ба минтақаи озод аз силоҳи ҳастаӣ таъкид менамояд", — гуфтааст Сироҷиддин Аслов.
Пештар хабар дода шуд, ки Ким Чен Ин ҳайъати Куреи Шимолиро ба Тоҷикистон мефиристад.