Ҳушдор аз бориши борони шадид ва жола дар Тоҷикистон: аз 16 то 18

Созмони обуҳавошиносии Тоҷикистон шаҳрвандонро аз бад шудани ҳаво ҳушдор медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Ба гузориши Созмони обуҳавошиносии  Тоҷикистон, аз 16 то 18 апрели соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид ва боридани боронҳои пуршиддат дар назар аст.

Гуфта мешавад, ки дар ин рӯзҳо дар баландиҳои 2500 метр боридани барф низ аз эҳтимол дур нест.

Дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола пешбинӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо ҳарорати рӯзона паст мешавад.

Ба гузориши обуҳавошиносон, аз 15 то 17 апрел дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ шиддатёбии бод то 15-20 метр дар як сония ва дар ҷануби вилояти Хатлон ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ ба истиснои ВМКБ эҳтимоли омадани сел пешбинӣ мешавад.

Ёдоварӣ мекунем, ки дирӯз дар аксари манотиқи Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаю бебориш ҳукмфармо буд.