Дар Тоҷикистон бештар аз 1,500 нафар аз санҷиши умумӣ гузаштанд

Дар Душанбе танҳо ба Маркази илмиву фарҳангии Русия бештар аз 300 кас барои навиаштани диктанти умумӣ омаданд. Хурдтарини онҳо 12-сола ва калонтаринашон 65-сола буданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Аксияи умумии омӯзишии "Санҷиши умумӣ" имрӯз бори понздаҳум дар Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он бештар аз якуним ҳазор нафар иштирок карданд.

Тавре роҳбари маркази омӯзишии Маркази илмиву фарҳангии Русия Любов Дудко хабар додааст, санҷиши умумӣ дар Тоҷикистон дар Маркази илмиву фарҳангии Русия, Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи техникӣ, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва Донишгоҳҳои давлатии Хуҷанд баргузор шудааст.

Аксҳои ҳафта: заминларза, санҷиш, ғизодиҳӣ ба филҳо ва ниммарафон

Ба гуфтаи вай, донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгорӣ, филиалҳои МГУ, МЭИ, МИСИ ва чор мактаби Душанбе дар Намояндагии Россотрудничества аз санҷиши умумӣ гузаштанд.

Ба Душанбе ба Маркази илмиву фарҳангии Русия сокинони сину солашон гуногун аз доираҳои касбу кори гуногун омаданд, аз ҷумла омӯзгорон, пизишкон, ҳуқуқшиносон, рӯзноманигорон, донишҷӯён, мактабхонон, бознишастагон ва соҳибхоназанон дар диктант иштирок доштанд.

"Дар Душанбе танҳо ба Маркази илмиву фарҳангии Русия бштар аз 300 кас барои навиаштани диктанти умумӣ омаданд. Хурдтарини онҳо 12-сола ва калонтаринашон 65-сола буданд. Ҳамагӣ дар ин аксия дар Тоҷикистон 1, 500 нафар иштирок карданд, ки нисбат ба соли гузашта 500 кас зиёдтар мебошанд",- гуфтааст Дудко.

Мақсад аз ин аксия — ба ҳар як нафар фароҳам овардани имконияти санҷиши дониши худ аз забони русӣ ва бештар кардани шавқи мардум ба донишомӯзӣ мебошад. Ташкилкунандаи аксия Бунёди дастгирии забономӯзии "Тотальный диктант" мебошад. 

Натиҷаҳои санҷиш мобайнҳои ҳафтаи оянда маълум мешавад. Дар соли гузашта шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳисоби миёна аз санҷиши умумӣ баҳои "се" гирифтанд.