Ҳамкорӣ мекунем: мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо гурӯҳи ҷавонони "Авангард"

Мақсад аз ин вохӯрӣ мустаҳкам намудани ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Чанде пеш вохӯрии роҳбарияти Вазорати умури дохилӣ бо гурӯҳи ҷавонони "Авангард" баргузор шуд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбъ, дар ин чорабинӣ намояндагони Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷавонони фаъоли донишгоҳ ва донишкадаҳои кишвар ширкат доштанд.  

"Мақсад аз ин вохӯрӣ мустаҳкам намудани ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, аз қабили террористию экстремистӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон мебошад",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дафтари матбуотӣ меафзояд, зимни суҳбати озоду самимӣ ҷавонон фикру андешаҳои худро иброз намуда, қайд карданд, ки мо бояд бо омӯхтани илму дониш машғул шуда, оид ба ҳаёти дунявӣ ва динӣ маълумот дошта бошем. Зеро тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб нақши муассир дорад. 

Дар идомаи чорабинӣ бо Фармони Вазири корҳои дохилӣ як қатор ҷавонон бо Сипоснома, Ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамчунин ба ҳамаи иштирокунандагон кортҳои нақлиётии имтиёзнок барои сафар таввасути нақлиётҳои ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе тақдим карда шуд.