Тоҷикистон ба ширкати чинии ТВЕА кони тиллои кишварро ба ивази сохтмони нерӯгоҳи гармирасонии "Душанбе-2" дод.
Бино бар иттилои Раёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон, Чин кони тиллоро то рӯйпуш шудани қарзи Тоҷикистон барои сохмони нерӯгоҳи гармирасонии "Душанбе-2" истифода хоҳад бурд. Пас он ду кишвар созишномаи дигаре ба имзо хоҳанд расонид.
Ин мавзӯъро коршинос Федор Долгачев тавзеҳ дод.
"Чин мехоҳад тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро ба худ тобеъ кунад. Аммо кишварҳои Осиёи Мароказӣ мехоҳанд мустақил бошанд. Аммо чиниҳо ба иқтисоди ин кишварҳо дахолати зиёд кардаанд",- гуфт Федор Долгачев ба Sputnik Тоҷикистон.
Чин бозорҳои нави савдо меёбад, корхонаҳои нав месозад, ки даромади бештаре медиҳанд, аммо баробари ин, кишварҳо бештар ба Чин тобеъ мешаванд ва маҷбур мешаванд ба гуфтаи Чин кор кунанд, мегӯяд коршинос.
Аз сабти боло метавонед аз гуфтаҳои коршинос маълумоти бештар пайдо кунед.