Низомиёни рус таҷрибаи аз ҷанги Сурия андухтаро дар ҶТ нишон медиҳанд

Дар размоишгоҳҳои Тоҷикистон сарбозон, сержантон ва афсарон малакаҳои худро дар робита ба иҷрои оташфишониҳои озмоишӣ аз аслиҳаи муқаррарӣ ва машқҳои ронандагии нақлиёти ҳарбӣ дар танкодром ва автодромҳо, нишон медиҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Низомиёни Русия дар Тоҷикистон санҷиши назоратиро дар размоишгоҳҳои кӯҳӣ месупоранд, хабар дод хадамоти матбуотии Округи ҳарбии марказӣ.

"Низомиёни пойгоҳи ҳарбии 201-уми мустақар дар Тоҷикистон, дар рафти супурдани санҷиши натиҷавии давраи омӯзиши зимистона, малакаҳои худро нишон медиҳанд. Онҳо аз ҷумла таҷрибаи азхудшудаи ҷанги Сурияро дар шароити размоишгоҳҳои кӯҳии Лоҳур ва Самбулӣ нишон медиҳанд", — омадааст дар иттилоъия.

Дар чорчӯби санҷиши назоратии давраи машқҳои зимистона, чӣ дастовардҳои шахсии низомиён ва чӣ амалиёти онҳо дар ҳайати ҷузву томҳо, баҳогузорӣ мегардад.

Санҷиш рӯзи шанбе 14-уми апрел ба анҷом мерасад.

Пойгоҳи низомии 201-ум — бузургтарин қисми ҳарбии Русия аст, ки берун аз ҳудуди он ҷойгир мебошад, ки дар ду шаҳр аст — Душанбе ва Бохтар мустақар аст.