Даъвати Аҳмадзода аз Русия барои бунёди корхонаи муштараки саноатӣ дар Суғд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муовини раиси вилояти Оренбург дар бораи вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва имкониятҳои минтақа маълумот додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини раиси вилояти Оренбурги Русия Михаил Маслов ва ҳамроҳонаш дидору мулоқот кардаааст, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Гуфта мешавад, ки Михаил Маслов бо мақсади ширкат дар Анҷумани III минтақавӣ оид ба шартномабандӣ ба вилоят омадааст.

Тоҷикистону Русия Барномаи ҳамкорӣ имзо карданд

Аҳмадзода дар ин мулоқот гуфтаст, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои фарох дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ буда, густариши ҳамкориҳои дуҷониба метавонад ҷиҳати табодули бештари молу маҳсулот мусоидат намояд.

"Солҳои ахир соҳаи саноати вилоят рушд намуда истодааст ва соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба беш аз 1 миллиард доллари ИМА баробар гардид", — гуфтааст раиси вилояти Суғд.

Ӯ пешниҳод карда, ки Русияву Тоҷикистон корхонаҳои муштараки саноатӣ созанд.

Муовини раиси вилояти Оренбург, Михаил Маслов аз муносиботи ҳасанаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Русия ёдовар шуда омодагии ҷонибашро барои гутариши ҳамкориҳо баён доштааст.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки рӯзҳои 13 – 14 апрели соли ҷорӣ дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар байни истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, корхонаҳои коркард ва содироткунандагони ватанӣ бо доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони давлатҳои хориҷи дуру наздик Анҷумани минтақавӣ оид ба шартномабандӣ баргузор мешавад.

Интизор меравад, ки дар ин Анҷуман миёни вилоятҳои Суғду Оренбург меморандуми ҳамкорӣ имзо шавад.