Духтари раисҷумҳури пешин либосҳои падарашро ба муҳоҷирон дод

Гурезаҳо дар Фаронса бо ифтихор либоси раисҷумҳурро ба бар мекунанд. Духтари президенти пешин либосҳои падарашро байни онҳо тақсим кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Духтари раисҷумҳури пешини Фаронса Жак Ширак Клод костюм ва вситерҳои падарашро ҳамчун ёрии башардӯстона ба муҳоҷирон тақсим кардааст.

Дар ин бора ожонси РИА Новости дар истинод ба маҷаллаи L'Obs хабар медиҳад.

Ба рӯзноманигори маҷалла ин кори хайри Клодро аккос Артюс-Бертран нақл кардааст. Зимистон, вақте ки дар Фаронса ҳово хело сард гашт, ба аккос Ян Артюс-Бертранон роҳиб Мари-Жо занг задааст. Вай гуфтааст, ки мехоҳад ба муҳоҷирони ниёзманд либоси гарм тақсим кунад, аммо надорад.

"Он вақт ман ба бунёди Ширак муроҷиат кардам ва посух гирифтам. Духтари раисҷумҳур гуфт, ки ин масъаларо ҳал хоҳад кард",- тавзеҳ медиҳад аккос.

Пас аз чанд рӯз худрави раисҷумҳури пешин костюм ва свитерҳои соҳибашро дастрас кардааст.

"Барои ман хело ҷолиб аст, ки либоси раисҷумҳури пешинро  гурезаҳо ба бар мекунанд",- афзудааст Артюс-Бертран.

Жак Ширак-22-умин раисҷумҳури Фаронса буд, ки аз соли 1995 то соли 2007 кишварро роҳбарӣ мекард. Маҳз дар ҳамин давра  мӯҳлати раисҷумҳурӣ аз 7 сол то 5 сол кам карда шуд. Вале Шерак 12 сол ҳукмронӣ кард.

Дар соли 2011 Жак Шеракро дар дуздии амволи давлатӣ ва сӯиистифода аз мансаб муҷрим дониста, шартан ба 2 соли зиндон маҳкум карданд.