Рустам Эмомалӣ мардуми Душанберо "хушбахт" мекунад

Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозии пойтахт ба сохтмони Кохи ақди никоҳ - "Касри Бахт" оғози расмӣ бахшидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Кохи ақди никоҳ аз ҷониби шаҳрдории  Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Тоҷикистон бунёд мегардад.

Тарҳи иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ "ҶиЭм Партнерҳо" тарҳрезӣ гардида, он дар масоҳати 19300 метри мураббаъ бунёд карда мешавад, хабар медиҳад равобити умумии шаҳрдорӣ.

Фармоишгари тарҳ, шаҳрдории Душанбе буда, "Қасри Бахт" аз бинои замонавӣ бо тарҳу намуди зебо ва муносиб барои хизматрасонӣ, таваққуфгоҳ дар масоҳати бештар аз 9 ҳазор метри мураббаъ, роҳу гузаргоҳ ва майдону гулгаштҳо иборат мешавад.

Иллюстрация будущего "Дворца счастья" в Душанбе

Ба гузориши манбаъ, "Қасри бахт"аз бинои дуошёна иборат буда, дар табақаи якум 8 утоқи корӣ ва дар ошёнаи дуюм, 2 толори барҳаво барои гузаронидани маросими ақди никоҳ ҷойгир шудаанд.

Гуфта мешавад, ки пас аз ба истифода супоридани қаср, 25 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Раиси шаҳр дастур додааст, ки "Қасри бахт" бо инобати ба роҳ мондани хизматрасонии муосиру мусоид ба шаҳрвандон дар муддати як сол сохта шавад.