Дар Душанбе аз 12 то 14 апрел дар Донишгоҳи кишварзӣ, Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии таҳсилотии "Маорифи Русия: Душанбе-2018" баргузор мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд бо барномаҳои таҳсилотии донишгоҳҳои Русия аз наздик ошно шаванд.
Дар умум барои намоиши таҳсилотӣ ба Душанбе 35 намояндагони донишгоҳҳои пешсафи Русия омадааст.
Дар ин намоишгоҳ касбҳо ва бахшҳои гуногуни таҳсилоти донишгоҳҳои Русия ба намоиш гузошта шудааст. Ҳар хонанда метавонад мувофиқи касби интихобнамуда, донишгоҳро интихоб кунад.
Ширкаткунандагони намоишгоҳ имкони хубе барои ошно шудан бо шароити буду бош ва таҳсилот дар Русия дошта, аз забони худи намояндагони ин донишгоҳҳо, ба саволҳояшон посух бигиранд.
Ҳамчунин дар ин намоишгоҳ довталабон метавонанд бо номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки барои дохил шудан ба ин ё он донишгоҳи Русия лозим аст, ошно шаванд.