Раиси вилояти Суғд барои занони ҳунарманду эҷодкор 60 грант таъсис дод

Дар қарори Раҷаббой Аҳмадзода Қоидаҳои ҷудо намудани грантҳо замима шудааст. Занони ҳунарманд, эҷодкор ва соҳибкорони инфиродӣ метавонанд барои дарёфти маълумоти бештар ба Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят муроҷиат намоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад, ки раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои дастгирии занони ҳунарманду эҷодкор 60 грант таъсис додааст, ки маблағи умумии он 420 000 сомониро ташкил медиҳад.

"Бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ ва дар доираи "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" дар соли 2018-ум 60 гранти Раиси вилоят таъсис дода мешавад",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Гуфта мешавад, дар ин бораи қарори вижаи раиси вилоят ба тавсиб расидааст.

Тибқи қарори мазкур 15 грант ҳар яке дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, 15 грант ҳар яке дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ ва 30 грант ҳар яке дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ таъсис дода хоҳад шуд. Грантҳо ба занони ҳунарманд, эҷодкор ва соҳибкорони инфиродӣ дар асоси озмун ҷудо карда мешаванд.

Дар қарори Раҷаббой Аҳмадзода Қоидаҳои ҷудо намудани грантҳо замима шудааст. Занони ҳунарманд, эҷодкор ва соҳибкорони инфиродӣ метавонанд барои дарёфти маълумоти бештар ба Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят муроҷиат намоянд.