Шоми дӯстӣ дар Тошканд: ҳунармандони тоҷик бо Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон мераванд

Феълан ҳунармандони кишвар барои барномаи консертии Шоми дӯстӣ дар Узбакистон ва барномаи консертии муштараки аҳли ҳунари Тоҷикистон ва Беларус дар доираи сафари Лукашенко ба Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Ҳунармандони Тоҷикистон дар сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон кишвардорро ҳамроҳӣ мекунанд.

Тавре Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар ҳошияи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Узбакистон боз як барномаи консертӣ бо номи Шоми дӯстӣ баргузор мешавад, ки дар он ҳунармандони тоҷик ва узбак ширкат мекунанд.

Тавре масъулини ниҳод дар рафти ҷаласаи васеи вазорат таъкид доштанд, феълан ҳунармандони тоҷик барои ин барномаи муштарак  омодагӣ мебинанд.

"Дар ҷаласа инчунин рафти омодагиҳо ба барномаи консертии Шоми дӯстӣ дар доираи сафари расмии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон ва барномаи консертии муштараки аҳли ҳунари Тоҷикистон ва Беларус дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус  баррасӣ гардиданд",- омадааст дар гузориши вазорат.

"Замон, замони мост": таронаи муштараки Муродов ва Ҷӯраев толорро ба по хезонд (НАВОР)

Ёдрас мешавем, раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёв ҳангоми сафари расмии дурӯзааш ба Душанбе кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Тошканд даъват карда буд. Аммо ҳоло рӯзи дақиқи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон маълум нест.

Шоми дӯстӣ-номи барномаи консертии хотирмоне дар Душанбе буд, ки дар ҳошияи сафари Шавкат Мирзиёев авоили моҳи март баргузор шуд. Дар ин барнома ҳунармандони тоҷик якҷоя бо ҳунармандони Узбакистон бармад карданд. Шоми дӯстиро меҳмонони олимақом, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон ва Узбакистон якҷоя бо намояндагони аҳли ҳунар ва  зиёи ду кишвар тамошо карданд.