Вакилони Суғд таъйиноти раиси нави вилоятро баррасӣ мекунанд

Вакилони вилояти Суғд ҳамчунин масъалаи номгардонии бархе аз ноҳияҳои вилоятро баррасӣ хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Вакилони Суғд таъйиноти раиси нави вилоятро баррасӣ мекунанд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

"18 апрели соли 2018, соати 8:00 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад", —омадааст дар хабарнома.

Кадом шаҳру ноҳияву деҳаҳо дар Тоҷикистон номгардон шудаанд
Кадом шаҳру навоҳии Тоҷикистон номгардон шудаанд

Дар ин бора қарори раиси вилоят аз 3 апрели соли 2018, №101 ба тасвиб расидааст.

Вакилон дар иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум масъалаҳои зеринро баррасӣ хоҳанд кард.

— Тасдиқи ваколати вакилии вакилони навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум аз ҳавзаҳои интихоботии "Бофанда", №2, "Ғафурҷон Ортиқов", №20 ва "Марҳамат", №43;

— Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2018, №986 "Дар бораи аз вазифаи Раиси вилояти Суғд озод намудани Абдураҳмон Қодирӣ";

— Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2018, №1035 "Дар бораи Раиси вилояти Суғд таъин намудани Раҷаббой Аҳмадзода";

— Вазифаҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот дар партави Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №977 "Дар бораи "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон намудани соли 2018" дар вилояти Суғд;

— Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии "Истаравшан", №32 Бобоева Гулчеҳра Гадоевна оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ;

— Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳайати комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум;

— Пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар ҳавзаҳои интихоботии алоҳида;

— Таъин намудани интихобот ба ивази вакилони хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилоят;

— Ташкили комиссияи вилоятии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум;

— Номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ;

— Тасдиқи Низомнома ва ҳайати комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд;

— Тасдиқи қарорҳои раиси вилояти Суғд.

Пештар хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қароре Раҷаббой Аҳмадзодаро раиси вилояти Суғд таъйин кардааст.