“Гул”: дар Петербург довталабон барои занони муҳоҷири тоҷик рӯзнома мунташир мекунанд

"Гул"-ро моҳе як маротиба кормандони нашрия байни сокини шаҳр тақсим мекунанд. Рӯзнома ройгон бошад ҳам, муҳоҷирон дар рӯзномахонӣ таваҷҷӯҳи зиёде надоранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik, Алексей Стефанов. Рӯзномаи барои бонувон бо номи "Гул" бо чор забон  - тоҷикӣ, русӣ, узбакӣ ва қирғизӣ мунташир мешавад.

Аммо муҳаррири рӯзномаи "Гул" Юлия Алимова ва хабарнигорон нашрияи худро дафтарчаи иттилоотие мехонанду бас. Онҳо дар рӯзномаи худ маълумоти заруриеро, ки дар ягон муассисаи давлатӣ наметавон пайдо кард, барои занони муҳоҷири тоҷик муҳайё мекунанд. 

Барои дастгирии занони муҳоҷире, ки за Тоҷикистон меоянд   

Ҳама кор аз созмони иҷтимоии "Кудакони Петербург" шурӯъ шуд, ки онро довтабон барои кӯдакони муҳоҷир ташкил карда буданд.  Юлия Алимова низ соли 2012 пас аз каме аз ташкилёбии созмон ба "Кӯдакони Петербург" ҳамроҳ шуд. Он вақт Юлия дар дар курси аввал таҳсил мекарду мехост омӯзгори забони англисӣ шавад. Ҳамзамон вай дар хонаи кӯдакон волонтёрӣ мекард.

Юлия Алимова, редактор газеты для женщин-мигранток "Гул"

 "Он ҷо гурӯҳеро ба зиммаи ман гузошита буданд. Кор бо хурдакон доим бароям шавқовар буд" — мугӯяд ӯ. 

Дар созмони нав Юлия ба кудакон забони русиро меомӯхт ва аз мушкилоти муҳоҷироне, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои кор ба Русия меоянд, хабаре надошт. То он рӯзе, ки ба ташкилоти онҳо ду довталаби нав — шаҳрванди Узбакистон ва Қирғизистон омаданд.

Юлия бо духтарон дар масоили гуногуни бонувон сӯҳбат мекард. Гуфтаҳои духтарони муҳоҷир Юлияро шигифтзада кард: муносибат нисбати заноне, ки аз Осиёи Марказӣ ба Русия меоянд,дар муҳоҷират тағйир намеёбад — онҳо ҳамоно соҳибхоназан мемонанд.Занон гоҳо дур аз ватан ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ  мешаванд, аммо намедонанд, ба кӣ муроҷиат кунанд.

 "Ҳамин тавр, мо тасмим гирифтем барои занҳои тоҷик рӯзномае мунташир карда онҳоро бо чанд масоили муҳим ошно кунем, ки ба ғуломӣ нафтанд ё бо пулис дуруст муносибат карданро омӯзанд. Афзун бар ин, масоили гуногуни ҳуқуқие ҳастанд, ки онро бояд ба хонанда дуруст тавеҳ дод. Ҳамин тавр, тарҳи "Гул"-ро омода кардем ва дар моҳи декабри соли 2016 аввалин шумораи рӯзномаи мо аз чоп баромад",- ба хотир меорад Алимова.

Инак як сол мешавад, ки моҳе як рӯз духтарон  ду ҳазор нусхаи рӯзномаро ройгон ба муҳоҷирон тақсим мекунанд.

Мавзӯъҳоро хабарнигорони "Гул" аз зиндагӣ мегиранд. Кормандони нашрия худ муҳоҷир буда, метавонанд аз таҷрибаи худ барои хонандагон мавод омода кунанд. Хабарнигорони мо дар бораи мушкилоте, менависанд ки муҳоҷирон ба он ҳар рӯз рӯ ба рӯ мешаванд.

Барои мисол, дар мақолаи охири ин нашрия аз таҷрибаи худи хабарнигор истифода шудааст. Ӯ навиштааст, ки чӣ гуна рӯзе полис ӯро дастгир кард ва то чӣ андоза ин кори полис қонунӣ буд. Баробари ин дар мавод маълумот пешниҳод карда мешавад, ки муҳоҷир бояд кадом ҳуҷҷатҳоро доим бо худ дошта бошад. Рӯзноманигор фазоеро тасвир кардааст, ки дар шӯъбаи полис ҳукмфармо буд — чӣ гуна кормандони мақомот ба муҳоҷирон таҳдид мекарданду пешниҳод мекарданд, ки мушкилиро " ҳал кунанд".

Зан агар оташ намешуд: шаш бонуе, ки номашон фаротар аз Тоҷикистон рафтааст

Мутаасифона вокуниши хонандагон ба нашрия кам мерасад. Хонандагони мо фаъол нестанд — мегӯяд Алимова. —  Вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ гоҳе ба пешниҳодҳои мо посух менависанд. Ҳамин тавр дар рӯзнома қиссаи пандомезе дар бораи зане пайдо шуд, ки ӯро аз қаҳвахона пеш карданду музди меҳнаташро надоданд. Вале ӯ аз ҳуқуқҳои худ дифоъ карда, тавонистааст маоши худро гирад.

Занон барои занон менависанд

"Вақте, ки ман дар курси дуюми донишгоҳи Санкт-Петербург таҳсил мекардам, дар бораи рӯзномаи "Гул" хабар ёфтам. Эълонеро хондам, ки дар он, рӯзнома ниёз ба хабарнигоре дошт, ки таҷрибаи муҳоҷирӣ дорад. Ман шаҳрванди Қирғизистон ҳастам, ба Санкт-Петербург барои таҳсили бахши магистратура омадам, риштаи тахассуси аввалам журналистика мебошад.  Ҳамзамон корманди ин рӯзнома шудам. Ҳамчунин довталаби созмони "Кудакони Петербург" ҳастам ва ба кудакон тоҷик, узбак ва қирғиз дарси забони русӣ медиҳам — мегӯяд ягона хабарнигори касбии дафтарчаи иттилотии "Гул" Айим Баки.

Айым Бакы, корреспондент газеты для женщин-мигранток "Гул"

Юлия ва Айим- ҳар ду ҳам 23 сол доранд  ва наметавонанд бекор нишинанд. Ҳар яке аз онҳо дар бораи рӯйдодҳои Русия ва Осиёи Марказӣ назари  шахсии худро дорад ва ҳар ду ҳам дар моҳе як маротиба ба кӯчаҳои шаҳр баромада, "Гул" тақсим мекунанд.

"Маводҳоямро бо забони русӣ менависам. Ба фикри ман забони модарӣ ҳамонест, ки бо он фикр мекунӣ, фикри ман бошад русист. Дар Бишкек низ бо забони  русӣ муошират мекардем. Аҷибаш он аст, ки ҳангоми муошират бо кӯдакони қирғиз ман забони қирғизиро низ омӯхта истодаам.  Моҳи апрел дар нашрия мақолаи аввали ман ба забони қирғизӣ чоп мешавад. Ростӣ, онро якҷо бо холаам тарҷума кардаам, лекин ба ҳар ҳол ин як муваффақияти ман аст" — афзуд Айим.

Дар рӯзнома, ӯ масъули мақолаҳои забони русӣ буд, вале имрӯз масъули мақолаҳо ба забони қирғизӣ низ шудааст. Мақолаҳои ӯро хабарнигорон ба забони узбакӣ ва тоҷикӣ тарҷума мекунанд. Айим мегӯяд, "кушиш мекунам хабарҳои муҳимро интихоб намоям — барои ба дасти полис наафтиданбояд кадом ҳуҷҷатро бо худ гирифт, чӣ тавр кудакро ба мактаб дохил кард, аз куҷо метавон ёрии тиббӣ бигирӣ ва ғайраҳо".  

Мушкилоти тиббӣ  яке аз мушкилҳои асосии занони муҳоҷири тоҷик аст

"Дар ҷомеаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баъзе масъалаҳоро баррасӣ кардан мамнӯъ аст. Саратони сина ё хонадоршавӣ, давраи ҳомиладорӣ — ин масоиле ҳастанд, ки пӯшидаанд. Вале дар рӯзнома хабарнигороне низ кор мекунанд, ки  маълумоти  тиббӣ доранд ва ба муҳоҷирон кумаки иттилоотӣ расоанад",-  афзӯд ӯ.

Ба гуфтаи вай, ба занони муҳоҷир на танҳо дар Ватан, балки дар Русия низ ба бештари корҳо иҷозат намедиҳанд.

"Баъзеҳо чунон худро нороҳат ҳис мекунанд,  ки ҳатто метарсанд аз дасти мо рӯзнома гиранд. Аввал ба ҳамсар, бародар ё падари худ нигоҳ мекунанд ва баъди  иҷозат гирифтан, ҷуръат пайдо мекунанд. Вале баръакс ҳам ҳаст — мардҳо барои занони худ аз мо рӯзнома мегиранд. Дафтарчаи иттилооти мо ройгон аст. Дар куҷои Русия метавон рӯзномаеро бо забони тоҷикӣ ва узбакӣ пайдо кард? "

Тобистони соли гузашта Айим Баки соҳиби дипломи магистр шуда, дар Санкт-Петербург барои зиндагӣ мондааст:  ӯ довталабӣ ва кор дар рӯзномаи "Гул"-ро давом медиҳад ва ҳамҷоя дар дигар тарҳҳои иҷтимоӣ ширкат мекунад.  

"Ман ҳоло дар як ҳолати номуайян ҳастам. Шояд ба Ватан баргадам ва дар рушди он саҳм гузорам? Намедонам" — мегӯяд вай.

Дар орзӯи дафтари худ

Юлия Алимова бошад, дар ватани худ ба сар мебарад. Барои ҳамин нақшаҳои вай аллакай муайян аст — ӯ мехоҳад ҳар чи бештар бо созмонҳое, ки бо муҳоҷирон кор мекунанд, ҳамкорӣ пайдо кунад.  Ӯ орзу дорад, ки нашрияи вай мисли дигар ҳамкорони масквагиаш — коргоҳи махсусе дошта бошад.

"Дар созмони "Кӯдакони Петербург" бо бачаҳо дар китобхона кор мекунем. Дар як ҳафта ду маротиба дарсҳои мо дар 11  ҷо  сурат мегиранд. Бештар дарсҳо дар китобхонаҳо баргузор мешаванд. Агар мо бинои махсусе медоштем, мушкилоти зиёд аз байн мерафт. Онҷо метавонистем нашрияи "Гул"-ро  низ ҷой диҳем", — мегӯяд вай.  

Ҳоло ин танҳо як  орзу аст.  Юлия бо довталабоне, ки бо муҳоҷирони Тоҷикистону Узбекистон кор мекунанд, дар Москов мулоқотҳо кардааст. Мавзӯи асосии сӯҳбатҳои онҳо доим мушкилоти муҳоҷирон ва кӯдакони онҳо буд: чӣ гуна метавон зиндагии ин одамонро дар Русия роҳаттар кард? Ин мавзӯест, ки Юлияро ҳеҷ гоҳ ором намегузорад.