Озмуни Вазорати фарҳанг барои овозхонҳо ва мусиқинавозони тоҷик

Дар Озмун тамоми гурӯҳҳои ҳунарӣ ва ҳунармандони алоҳида новобаста аз шакли фаъолият ва синну сол бо пешниҳоди асарҳои тозаэҷод ҳуқуқи иштирок намуданро доранд. Озмун дар жанрҳои овозхонӣ; навозандагӣ-созҳои миллӣ, аврупоӣ; хореография-(якка, гурӯҳӣ); ровӣ гузаронида мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 апр- Sputnik. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишмандонро барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти беҳтарин суруду оҳангҳо ва номераҳои рақсии тозаэҷод  даъват менамояд.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии Вазорати фарҳанг, ҳадаф аз баргузории Озмун фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати нерӯи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нав-овозхонҳо, навозандагон, раққосон, тарғибу ташвиқи ҳунару истеъдодҳои асил, муаррифии санъату ҳунари миллии тоҷик ба ҷаҳониён мебошад.

Дар Озмун тамоми гурӯҳҳои ҳунарӣ ва ҳунармандони алоҳида новобаста аз шакли фаъолият ва синну сол бо пешниҳоди асарҳои тозаэҷод ҳуқуқи иштирок намуданро доранд. Озмун дар жанрҳои овозхонӣ- (яккахон, гурӯҳӣ); навозандагӣ-созҳои миллӣ, аврупоӣ; хореография-(якка, гурӯҳӣ); ровӣ гузаронида мешавад.

"Навои Шарқ": ширкати Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ дар Маскав

Озмуни мазкур дар ду давр доир мегардад. Даври аввал то 21 майи соли 2018 дар назди раёсатҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шуъбаю бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардида, ғолибони озмун дар даври ҷамъастӣ дар Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегарданд. Ҷамъбасти давраи ниҳоӣ 15 июни соли 2018 сурат мегирад.

Ҳангоми баҳогузорӣ таваҷҷӯҳ ба симои зоҳирӣ, матн ва муҳтавои суруду оҳангҳо ва иҷроиши номераҳои рақсӣ дода мешавад. Иштирокчиёни Озмун бо дипломҳо сарфароз шуда, ба чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ роҳхат мегиранд.

Рӯйхати иштирокдорони даври ниҳоии Озмун на дертар аз 25 майи соли 2018 ба Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли аудио ва видеоӣ бояд пешниҳод шавад.