Дар Тоҷикистон ҷашнвораи ҳунарҳои бадеии мардумӣ баргузор шуд

Меҳмонони барнома, ки намояндагони Вазорату кумитаҳо, Дафтари ЮНЕСКО, донишгоҳҳои олӣ, мухлисони ҳунарҳои мардумӣ ва рӯзноманигорон буданд, аз толорҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан низ намуда, бо таърихи халқи тоҷик дар давраҳои гуногун ошно гардиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҷашнвора-намоишгоҳи ҳунарҳои бадеии мардумӣ баргузор шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги ҶТ.

Бино бар иттилои манбаъ, ҷашнвора имрӯз, 10 апрел дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 25-умин солгарди ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО ва "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" баргзор гардидааст.

Гуфта мешавад, дар намоишгоҳ намунаҳои ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик, аксҳои сертификатҳои мероси фарҳанги ғайримоддии Тоҷикистон, ки ба Феҳристи ёдгориҳои ғайримодии ЮНЕСКО ворид гардидаанд, инчунин мусаввараҳои кӯдакону наврасон, ки дар расмҳо бахшида ба 25- солагии Тоҷикистону ЮНЕСКО иштирок карданд, ба маъраз гузошта шуданд.

Меҳмонони чорабинӣ, ки намояндагони Вазорату кумитаҳо, Дафтари ЮНЕСКО, донишгоҳҳои олӣ, мухлисони ҳунарҳои мардумӣ ва рӯзноманигорон буданд, инчунин аз толорҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо таърихи халқи тоҷик дар давраҳои гуногун ошно гардиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба иштирокчиёни фаъоли Озмуни расмҳо бахшида ба 25- солагии Тоҷикистону ЮНЕСКО аз ҷониби Дафтари ЮНЕСКО туҳфаҳо супорида шуд.