Барои чӣ дар Узбакистон харидории мошин мушкил аст?

Коршинос Игор Маржаретто тавзеҳ дод, ки барои чӣ дар Узбакистон хоридани худрав мушкил аст
Sputnik

Узбакистон истеҳсоли хурдавро то 44,7 дарсад афзоиш дода,  ҳаҷми истеҳсоли автомобилҳои боркашро то 44,58 дарсад кам кардааст.

Ба гуфтаи коршинос Игор Маржаретто, дар Узбакистон талабот ба худрав зиёд аст. Ба гуфтаи вай, ҳаҷми истеҳсолоти феъли дар Узбакистон, ҳатто қисми камтарини талаботи худравро дар дохил таъмин карда наметавонад. Тавре вай афзуд, қисми зиёди худравҳои истеҳсолшуда ба содирот бароварда мешаванд. Ин чораҷӯӣ ба хотири даромади бештари асъори хориҷа ба Узбакистон роҳандозӣ шудааст.

Моржаретто: в Узбекистане люди стоят в очерди на приобретение автомобиля

"Дар Узбакистон мардум барои харидории як худрав чанд сол дар навбат меистанд. Агар онҳо хоҳанд, ки мошинро зудтар ба даст оранд, пас онҳо бояд онро бо асъори хориҷӣ пардохт кунанд",-  гуфтааст коршинос ба Sputnik Узбакистон.

Вай афзудааст, барои харидории худравҳои истеҳсоли хориҷа бозори дохилии Узбакистон баста аст. Дар масъалаи мошинҳои боркашон бошад, содирот ҳам кам аст ва сокинони кишвар ҳам ба он камтар ниёз доранд.

Аз сабти овозӣ метавонед, дар ин бора маълумоти бештаре пайдо кунед.