Ким Чен Ин ҳайъати Куреи Шимолиро ба Тоҷикистон мефиристад

Ба нақша гирифта шудааст, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили тиҷориву иқтисодлӣ, иҷтимоиву гуманитарӣ ва амниятиро баррасӣ кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ,10 апр- Sputnik. Тавре дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, интизор меравад, ки ҳайъати Куреи Шимолӣ бо роҳбарии вазири умури хориҷаи кишвар Ли Ен Хо рӯзҳои 13-15 апрели ба Тоҷикистон сафар кунанд.

"Сафараи ҳайъати Куреи Шимолӣ ба рӯзҳои 13-15 апрелдар назар аст.  Ли Ен Хо бо вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов мулоқот мекунад. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили тиҷориву иқтисодлӣ, иҷтимоиву гуманитарӣ ва ҳамчунин масоили амният дар ҷаҳонро баррасӣ кунанд",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Афзун бар ин, намояндаҳои Ким Чен Ин бо дигар шахсони расмии Тоҷикистон низ мулоқот хоҳанд кард.