ДУШАНБЕ, 9 апр— Sputnik. Аҳмадзода аз таҷрибаи пешқадами мардуми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар самти парвариши помидору бодиринг тавсиф кардааст, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.
Гуфта мешавад, ки ҷамоати деҳоти Зарзамин дорои 883 гектар замини корам мебошад ва дар ин заминҳои зархез асосан помидору бодиринг парвариш мешавад.
Имрӯзҳо деҳқонон ба шинонидани кучати помидор машғуланд.
"Раиси вилоят аз таҷрибаи пешқадами мардуми ин ҷамоат дар самти парвариши помидору бодиринг тавсиф намуда, гуфтааст, ки имсол деҳқонон ройгон бо заҳрдоруҳо таъмин мешаванд", — омадааст дар хабарнома.
Дар ин рӯз ҳамзамон Раиси вилоят дар заминҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев ба кишти пахта оғоз бахшида, бо пахтакорони ноҳия суҳбати самимӣ орост.
Маврид ба зикр аст, ки соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар майдони 8000 гектар пахта кишт карда мешавад, ки назар ба соли гузашта 500 гектар зиёд мебошад.