Роҳи кӯҳии Шайдон-Кулихоҷа-Муломир боз шуд

Роҳи кӯҳии байни деҳаҳои Шайдон-Кулихоҷа-Муломир бо иқдоми сокинон ва соҳибкорони ҳамин деҳаҳо боз шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Чанд рӯз пеш роҳи душворгузари куҳии байни деҳаҳои Шайдон-Кулихоҷа-Муломири ноҳияи Ашт ба истифода дода шуд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Гуфта мешавад, ки роҳи мазкур бо иқдоми сокинон ва соҳибкорони деҳаҳои Кулихоҷа ва Муломири Ҷамоати шаҳраки Шайдон, инчунин бо дастгирии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода боз шудааст.

Масофаи ин роҳ 2,4 км буда, он дар асоси лоиҳаи аз тарафи филиали дар вилояти Суғд будаи Институти лоиҳакашӣ бунёд шудааст.

Дар бунёди роҳ сокинони деҳаҳои Кулихоҷа ва Муломир ба миқдори 200 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ намудаанд.

Бо ҷонибдорӣ аз ташаббуси сокинони ин минтақа роҳбарияти вилоят низ барои бозшавии роҳи душворгузар ба миқдори 80 ҳазор сомонӣ саҳмгузорӣ намудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки соҳибкоре дар ноҳияи Зафаробод меҳмонхона бунёд кардааст.

Меҳмонхонаи мазкур аз се ошёна иборат буда, дар як вақт имкони қабули 20 нафарро дорад.