Донишҷӯёни фаронсавӣ бо стипендияи худ дар ноҳияи Рӯдакӣ мактаб сохтанд

56 донишҷӯи Донишгоҳи сохтмонии Англетаи Фаронса бо харҷи 1 миллион сомонӣ аз ҳисоби стипендияи солонаи худ, дар тӯли 50 рӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ мактаб бунёд карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Дар деҳаи Мингичари Ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ду бинои нави мактаби  рақами 88 ба истифода дода шудааст, хабар медиҳад расонаи расмии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки дар маросими ифтитоҳи мактаб роҳбарияти Вазорати маориф, мақомоти ноҳияи Рӯдакӣ, сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ва сокинони деҳот ширкат кардаанд.

Ин мактабро 56 донишҷӯи Донишгоҳи сохтмонии Англетаи Фаронса бо харҷи 1 миллион сомонӣ аз ҳисоби стипендияи солонаашон, ҳамчун кори дипломӣ дар тӯли 50 рӯз бунё кардаанд.

Муассиса аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо мизу курсӣ, ҷевонҳои китоб, тахтаҳои синфӣ, компютер ва принтерҳо таъмин карда шудааст.

Биноҳои нав якошёна ва дорои 6 синфхона буда, дар онҳо илова ба фанҳои асосии таълимӣ, инчунин маҳфили ҳунарҳои миллӣ ташкил карда шудааст. Биноҳои иловагӣ барои 300 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, ба онҳо омӯзгорони соҳибкасб таълиму тарбия медиҳанд. Тавре масъулини соҳаи маорифи ноҳия зикр намуданд, бинои қаблии мактаб дар натиҷаи фаъолияти тӯлонӣ кӯҳнаю фарсуда шуда, зарурати бунёди таълимгоҳи нав ба миён омада буд.

Роҳбарияти ноҳия толибилмонро ба омӯзиши илмҳои замонавӣ, аз ҷумла, забони давлатӣ ҳидоят кардааст. Чун аксари хонандагони мактаб узбакзабон ҳастанд.